“ШОМИ ҶАВОНӢ”: “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба баргузории барномаи фарҳангӣ ва маҳфилҳои ҳаҷвнигорон таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” шоми 13 майи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” барномаи фарҳангии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар оғози барномаи фарҳангӣ зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар омӯхтани илму ҳунар ва забон ибтикор варзида, Ватанро ободу хуррам бисозанд. Раёсати донишкадаи политехникӣ сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатро бо фароҳам овардани шароити мусоид дастгирӣ намуда, барои ҷавонон имкониятҳои муосири таълиму тарбияро фароҳам овардааст. Дар барномаи фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни боистеъдоди донишкада сурудҳои “Салом, ҷавонӣ”, “Необыкновенные глаза”, “Эй ёр”, “Ҷононам” рақсҳои дилошӯб, бози-викторина пешкаши хозирин гардида, суруди ватандӯстонаи “Тоҷикистон” ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшид. Дар интиҳои барнома аз ҷониби муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҳамкориҳои судманд дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғдро тақдим намуд. Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО